АЗ СИДҚИ ДИЛ

Тарсу наям тарси ҷон
Дар дил маро набвад нишон,
Бовар надорӣ гар, бикун
Ҳар вақти хоҳӣ имтиҳон.

Аз тайи роҳи дури дур
Ҳаргиз натобат рӯйро,
Раҳ пеш гирам, обут об
Идҳам дили раҳпӯйро.

Мегирам аз домони абр,
Бар қуллаҳо по мениҳад,
Чу фотеҳи кӯҳи баланд
Аз қулла ово медиҳам..

Шинам ба рӯйи боли нур,
Раҳ гирам аз пушти саҳар,
Бо чашми равшан то кунам
Бар оламу одам назар.

Об овардам, оби ҳаёт
Бо майлу бо шавқи тамом,
Сӯйи замини сӯхта,
Сӯйи замина ташнаком.

То манзили деҳқон шавад,
То мулки ободон шавад,
Пур хони бози одамон
Аз неъмати алвон шавад.

Хоҳам, ки гардад соате
Ҳамболи мурғони ҳаво,
То худ биёбам огаҳӣ
Аз сӯзи сахти синаҳо.

Ҳар ҷо барад роҳам маро,
Он ҷо намеояд зиён,
Бо худ ҳар кӯй оварам
Суд аз барои одамон.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close