Ба гӯш

Қабои лолагун дар бар чу он сарви равон ояд,
Нафас аз синаам берун чу шохи арғувон ояд.
Агар дар гардиш орад он парирӯ шишаи майро,
Зи баҳри дастбӯсӣ бар лаби паймона ҷон ояд.
Ба барги гул агар созам рақам шарҳи ҷудоиро,
Дар ангуштам қалам монанди булбул дар фиғон ояд.
Пари тири маломат карда мактуби маро ҷонон,
Зи кӯяш қосиди ман бо қади ҳамчун камон ояд.
Ҳавас гулҳо ба доман кард аз базми висоли ӯ,
Шукуфтахотир аз хони каримон меҳмон ояд.
Ба боғи даҳр, чун шабнам, надорам хоби осоиш,
Ба гӯшам ҳар замон овозҳои боғбон ояд.
Ба он гулгғунча натвон сохт изҳори порешонӣ,
Ба гӯши нозуки ӯ ҳалқаи сунбул гарон ояд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close