БА ИСТИҚБОЛИ АСРИ НАВ

Ҳаёти мо чу шаҳбозе, ки якумр
Нишоти хеш дар парвоз донад,
Чу рӯди кӯҳии фасли баҳорон
Бихушкад, гар зи ҷавлон бимонад…

Ба сӯръат сӯи фардои дурахшон,
Ки Комуннизм бошад бандари он,
Ҳамедорад шино киштии таърих
Ва фармонаш бувад дар дасти Инсон.

Ҳазорон офарин бар асри мо бод,
Ки Мирриху Зуҳалро даст додаст,
Низоми кӯҳнаро аз ҳам шикаста,
Ба назми нав дари фардо кушодаст.

Бале, имрӯз хушбахтем! Лекин
Бувад хушбахттар ҳар фарди озод,
Ки дар оғӯши фардои мунаввар
Намояд зиндагию кору эҷод.

Диловар бош киштирони таърих,
Ки раҳ наздик то асри музаффар.
Чароғонаш намоёнанд! Бингар,
Ки ҳар як медурахшад мисли ахтар.

Раҳи мо чун мароми мост равшан,
Сӯи мақсуди оли раҳсупорем:
Ливои нусрати Октябри аъзам
Ба асри бистуякум месупорем!

РАҲ КУШО БА ОЯНДА
Писарам нури дидагони падар,
Бишунав панди Рӯдакӣ – устод:
З-омада шодмон бибояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд.

Лек ҳайрон машав агар гаҳ-гаҳ
Рӯ ба рӯят нишаста сарафроз,
Достони гузаштаро бо завқ
Менамоям барои ту оғоз.
Дор дар ёди худ, ки буду ҳаст
Зиндагӣ бо гузашта поянда.
Зиндаи бегузашта ҳамчу хачир
Ҳастие, ки надорад оянда…

Асрҳои дароз бахташро
Халқи бечора орзу мекард,
Шамъи раҳ карда навҷавониро,
Раҳи оянда ҷустуҷӯ мекард
Раҳ нишон дода сӯи бахт Ленин,
Халқро зидди золимон хезонд.
Фатҳовар садои “Аврора”
Кураи пири арзро ларзонд.
Карда кӯтоҳ домани шаби тор,
Субҳи уммеди халқҳо бидамид.
Сар кашид аз миёни оташу дуд
Байрақи сулҳ ҷилвагар гардид.

Ин гулистон, ки шӯҳраташ имрӯз
Паҳн гаштаст дар тамоми ҷаҳон,
Ҳар ниҳолаш шинонда шуд бо даст,
Нест худрӯй буттае дар он.
Раҳи тайкардаи падарҳоят
Гашта роҳи наҷоти навъи башар
З-ин сабаб рӯзи ту дурахшон аст,
Лек фардои ту дурахшонтар…

Хӯрдаӣ оби рӯди кӯҳиро,
Дидаӣ зӯри рӯди кӯҳистон,
Меравад пешу дар раҳаш ҳар гоҳ,
Мекунад чӯлу даштро бӯстон.

Кӯҳзодам!Чу рӯди кӯҳистон, –
Нигаҳат дӯхта ҳамеша ба пеш, –
Пеш рав,
Раҳ кушо ба оянда,
Фахр бинмуда бо гузаштаи хеш.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close