БА НАВХОНАНДАРОН

Шуморо ишқатон пайванд созад.
Муҳабатҳо ба ҷон пайванд созад.
Шумо доматанро пок доред,
Ки Яздон ҷовидон пайванд созад.

Шумо зебандаи ин хонандонед,
Шумо ояндаи он хонадонет.

Шумо бо ҳамдигар ошиқ бимонед,
Ҳамеша ошиқу содиқ бимонед.
Насиҳат менамоям бар шумоён,
Ба ишқи ҳамдигаро лоиқ бимонед.

Шумо зебандаи ин хонандонед,
Шумо ояндаи он хонадонет.

Шумо, эй меҳрубонон, худ ҷавонед,
Баланду пасти дунё надонет.
Қадам дониста мустаҳкам гузоред,
Шумо ояндаи давру замонед.

Шумо зебандаи ин хонадонед,
Шумо оянда ин хонадонет

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close