БО НОМИ СТАЛИН

Сталин гӯяму ронам заминро,
Замин то беҳ шавад, ман бинам инро.
Лоҳутӣ
Сталин гуфтаму рондам заминро,
Замин бечора буд, бечоратар шуд.
Сталин гуфтам аз банди ҷигар, лек
Ҷигар садпора буд, садпоратар шуд.
Сталин гуфтам аз ҷони ҳунарвар,
Ҳунар нокора буд, нокоратар шуд.
Сталин гуфтаму имдод ҷустам,
Касе патёра буд, патёратар шуд.
Сталин гуфтам аз номи замона,
Замон овора буд, оворатар шуд.
Сталин гуфтаму ангоштам нек,
Муҳит ангора буд, ангоратар шуд.
Сталин гуфтаму рафтам ба майдон,
Сталин гуфтаму мурдам ба зиндон…
19.10.1988

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail