Ба теғам гар кушад

Ба теғам гар кушад, дасташ нагирам,

В-агар тирам занад, миннатпазирам.

Камони абрӯятро, гӯ бизан тир,

Ки пеши дасту бозуят бимирам!

Ғами гетӣ гар аз поям дарорад,

Ба ҷуз соғар кӣ бошад дастгирам.

Барой, эй Офтоби субхи уммед,

Ки дар дасти шаби ҳиҷрон асирам.

Ба фарёдам рас, эй пири харобот,

Ба як ҷуръа ҷавонам кун, ки пирам.

Ба гесӯйи ту хӯрдам дӯш савганд,

Ки ман аз пойи ту сар барнагирам.

Бисӯз ин хирқаи тақвӣ ту, Ҳофиз,

Ки гар оташ шавам, дар вай нагирам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail