БА ТУ ИМШАБИ БАҲОРОН…

Ба ту имшаби баҳорон ҳама сабзу гулфишонам,
Ки ту чун баҳор созӣ тару тоза ҷисму ҷонам.
Ту ба шаҳри тирарӯйе, ки бувад ғуборолуд,
Бикушойӣ аз рухи худрухи ҳафт осмонам.

Бикунӣ пур аз муҳаббат ту заминаву замонам,
Бикунӣ пур аз муҳаббат ҳама ину он ҷаҳонам.
Ту зи чашмаи лабонат ҳама шаб ба ман диҳӣ об,
Дами субҳ боз бинӣ лаби хушки ташнаҷонам.

Дилу ҷону ҳастии ман ҳама умр ташнаи туст,
Бувадаш агар такопӯ, ба раҳи ту дар такопӯст.
Зи хумори чашмҳоят шиканад хумори ҷонам,
Чу манам зи чашми ту дур, ғами дил ҳама тагорӯст.

Ту на дилбари ман астӣ, дили дар бари ман астӣ,
Ту на ҳамсари ман астӣ, сару сарвари ман астӣ.
Сари ман агар ту бошӣ, сару бар дигар нахоҳам,
Ба самои бахту толеъ маҳу ахтари ман астӣ.

Шаб агар ба хилвати дил ғами ман нуҳуфта бошӣ,
Ту саҳар чу шохаи гул ҳама тан шукуфта бошӣ.
Ман агар зи шавқи рӯят ду ҳазор шеър гӯям,
Ту вале ба дафтари ман ғазали нагуфта бошӣ.

Мани бе ту бенишонам, чу ту худ нишонам астӣ,
Ту агарчи бахти сабзӣ, ғами ҷовидонам астӣ.
Ва агар ки ошиқӣ худ чу атову чун бақо аст,
Ту атои ҷонам астӣ, ту бақои ҷонам астӣ…

***
Нури маҳтоб метаровад нарм
Ба сари гесувони хурмоӣ.
Осмону замин зарандуд аст,
Домани даштҳост тиллоӣ.

Ғарами беда дар барии саҳро
Гӯиё кӯҳи каҳрабо бошад.
Охири тасмароҳи домани дашт
Дар уфуқ васл бо само бошад.

Дар шаби моҳтоби ороме
Аз те мастам ману ту маст аз ман.
То ки танҳо шавем мо ҳар ду,
Меравад моҳ аз сари хирман.

Мепарад як ситора дар гардун,
Фоли бахт аз ситора меҷӯйӣ.
Мефуроӣ аз осмон ба замин,
Дар бари ман ба ғусса мегӯйӣ:

«Гар насибам набуд канори ту,
Ман зи дунё канора мерафтам.
Магар аз осмони ишқи ту ман
Як шабе чун ситора меафтам?»

Меравад моҳ аз сари хирман,
Мешавад доманат раҳо аз каф.
Бар сари зулфҳот печида
Каҳгулу торҳои хушки алаф.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail