БА ХИЗБИ РАХНАМОИ МО

Зи қалби поку рӯҳи пурҷилои мо,

Дуруди мо ба ҳизби раҳнамои мо –

Ба ҳизби коммунизм, ҳизби пурхирад

Ки ақлаш оварад зафар барои мо.

Зи панди нурпоши ҳизби мо бувад

Ки софу равшан аст роҳу рои мо.

Аз иқтидори ӯ бувад ки дам ба дам

Фузун шавад, қавӣ шавад қувои мо.

Дарахти борвар бувад ки решааш

Бувад сутуда-халқи пурбаҳои мо.

Ба ҳеҷ раҳ ки зидди роҳи ӯ бувад

Намеравад ба ҳеҷ қувва пои мо.

Барои сулҳ, агар ба оламе расад,

Аз ӯ бувад баландии салои мо.

Ба фарри ӯ, ба зидди ҷангу зулму кин,

Ба пеши саф бувад ҳамеша ҷои мо.

Фақат ба аҳли сулҳ соя афканад

Ливои ҷонфизои ӯ – ливои мо,

Ҳамеша ёри содиқу амин бувад

Ба ҳизби раҳнамои мо – вафои мо.

Раванд солҳову ҷовидон бувад

Ба вай  муҳаббати беинтиҳои мо.

 

Шеъри Абулкосим Лохути (Москва 1953 сол).

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail