Баъд аз ин ишқ

Баъд аз ин ишқ, ба ҳар ишқи ҷаҳон механдам,

Ҳар кӣ орад сухан аз ишқ ба он механдам

Рӯзе аз ишқ дилам сӯхт, ки хокистар шуд,

Баъд аз ин сӯз ба ҳар сӯзи ҷаҳон механдам.

Хандаи талхи ман аз гиря ғамангезтар аст,

Корам аз гиря гузаштаст, бад-он механдам

Муаллиф: Парвини Бомдод

Ё Абдуллои Дуст (Хоксори)

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail