Баҳор омад гулистонро тамошо кун

Шабе, эй шамъ, дар оғуши мо ҷо метавон кардан,
Чу гул дар гулшани мо синаро во метавон кардан.
Чаро як раҳ назар бар ҳолам, эй гулруҳ, намесозӣ?
Баҳор омад, гулистонро тамошо метавон кардан.
Дукон во карда дар бозор муҳтоҷи харидорем,
Матои камбаҳо дорем, савдо метавон кардан.
Зи ҷӯйи шир омад раҳнаҳо дар Бесутун пайдо,
Ба нармӣ кӯҳро аз ҷой беҷо метавон кардан.
Қадаҳро то кай, эй соқӣ, ниҳон дар остин дорӣ?
Гаҳе сӯйи ҳарифон даст боло метавон кардан.
Дари гулзорро, эй боғбон, то чанд барбандӣ?
Ба ҳоли андалебон гоҳ парво метавон кардан.
Ба ашки сурху ранги каҳрабои Сайидо бингар,
Лаболаб доман аз гулҳои раъно метавон кардан.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close