БАҲОРИ УМР

Ҳама коре, ки карда, бесарам буд,
Ҳамак савдои умри манн зарар буд.
Чӣ ҳосил шуд аз ин бозӣ надонам,
Ки охир оқибат гӯё батар буд.
Дар ин дунё на роҳат буд, чӣ созам,
Диламро гоҳ шодӣ бахобар буд.
Ҳар он чизе, ки гуфтам,
Ба умрам он чи кардам, беасар буд.
Баҳори умри манн охир хазон шуд,
Чӣ созам зиндагиро тезтар буд.
Гимонеро ҳақиқат мешумурдан,
Чуноне чашму гӯшам куру кард буд.
Ба рафторикасон хандида будам,
Дар охир хандаи онон ба сар буд.
Ба рафтори касон хандида будам,
Дар охир хандаи онон ба сар буд.
Ҳама мастиям овоз доданд,
Маро оҳи аламдор аз ҷигар буд.
Ба шабҳо рафтан будам хоб аз чашм,
Вале поён шабҳоям саҳар буд.
Биҳшти аст ҷои манн ё не рафиқон,
Чу дӯзах гӯиё манро гузар буд.
Чу баргардам, намедонам аз ин раҳ,
Намедонам маро роҳи дигар буд.
Бад-ин умре, ки ҳамчун тир бигзашт,
Чӣ ғӯям, аз кӣ фаҳмам ё дигар буд.
Зимири манн чунон оинасон аст,
Ҳаким Гӯё, гӯё хушхабар буд.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail