БАҲОРӢ

12095174_1004688946267958_3174993328728392887_o

Зи навои навбаҳорон биравад зи ҷону дил ғам,

Ба нигоҳи мардум орад ҳаваси нигоҳи олам,

Ба чамангули фиребо фиканам нигоҳи зебо,

Ки даруни ӯ нуҳуфта варақе ба исми аъзам,

Зи ҷабини ман бибӯсад лаби офтоби Ховар,

Зи навозишаш таровад ғами дил чу ашки шабнам.

Чу чароғи гуларӯсак дили ман шукуфта имрӯз,

Ба баҳори ишқ оям, ки дамест умри одам.

Зиҳи, эй баҳор, кардӣ ту зи пой то сарам сабз,

Ба сафои хеш нозам чу гули сапеди Марям.

Ба баҳори нав расидам ба лабам таронаи ишқ.

Ба баҳори ҷони ман о, шавамат азизу ҳамдам.

Табу тоби шоирона ба дилам баҳор овард.

Ғазале чу гул бихандад ба лабони духти Адҳам.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail