БАҲОРИ КӮҲИСТОН

Лола – раққосаи машъалдоре,
Бойчечак – шафақи субҳона.
Сабзаҳо – кокули нобофтае,
Мезанад бод ба нармӣ шона.

Кӯҳ монанди манор аст баланд,
Ҳама дам сокиту пурасрорест.
Обшор аз бари ӯ пош шуда,
Ҷониби дашту биёбон ҷорист.

Бишкуфад чун гули бодом нахуст,
Ҳамчу пайғамбари оғози баҳор.
Бод ҳар сӯй давад мастомаст,
Талабад аз ҳама «Тӯёна биёр!»

Даштҳо ҷомаи атлас пӯшанд,
Духтарон махзани дил боз кунанд.
Остин барзада то соидгоҳ
Паи сӯзондани мо ноз кунанд.

Аз нафасҳои баҳории замин
Нафаси гарми муҳаббат ёбанд.
Ошиқон чун гули камёби баҳор
Дар чаман гӯшаи хилват ёбанд.

Теппаҳо гунбази зангорӣ шаванд,
Чашм ҳайрон шаваду дил вола.
Шавад ороста ин хоки қадим
Ҳамчу як духтари ҳаждаҳсола.

Нони хом аст ба ҳар зарраи хок,
Даштҳо гӯӣ чу дастархонанд.
Сарфарозанд зи хуршеди мунир,
Розӣ аз дасту дили деҳқонанд.

Ағбаву рахнаю водию дара
Чун арӯсе, ки ба сур омодаст,
Пойандоз ба раҳ густурда,
Мунтазир бар қадами домод аст.

Мон, дар ин гӯшаи зебои замин
Тӯи инсону табиат бошад.
Мон, ки поянда чу кӯҳи тоҷик
Шодию бахту саодат бошад.

Ҳар куҷое биравам чун фарзанд,
Барам аз хоки диёрам пайғом.
Зиндагии ман аз ин ҷо сар шуд,
Ҳеҷ гаҳ кош наёбад анҷом!

20.5.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close