БАҲОРИСТОН

Зимистон рафт чун хобу хаёле
Замин бедор гардидаст аз нав,
Баҳор омад!
Ба истиқболи Наврӯз
Ҷаҳон гулзор гардидаст аз нав.
Ватан, эй кишвари бахту ҷавонӣ
Ба фарқам офтобат шӯълабор аст.
Маро ҳар тозарӯзи туст Наврӯз,
Тамоми чор фасли ту баҳор аст!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close