БАҲОРИЯ

Чун шуд вазон зи тарфи чаман боди навбаҳор
Он дам ба дил фитод маро ёди навбаҳор.
Болидааст ҷон ба тану дил ба синнам,
Наздик шуд расидани миоди навбаҳор.
Ороми чони манн шуду ороми ҷон рабуд,
Бо як карашма шӯхи паризоди навбаҳор.
Бошад, ки боз сайри гулу гулистон кунам,
Гардад ҳамора хотири манн шодди навбаҳор.
Бар шохи гул нишаста ба оҳанги дилнишин,
Фарёди булбул аст ба фарёди навбаҳор.
Ҳар сарзами зи сабзаву гул ба бӯстон,
Вайраноҳои дай шавад ободи навбаҳор.
Сад ранги гул ба боғ шуда зинати чаман,
Инҳо намунаест зи эҷоди навбаҳор.
Ин духтарони гул ба чаман ҷилвайи ҷамол
аз ишқ волаанд ба домоди навбаҳор.
Дар тарфи ҷӯ даме, ки насими сабо вазад,
Ояд ба рақс ноживу шамшоди навабаҳор.
Бо сад забон ба васфи гули арғувони боғ
Гунг асту лол савсани озоди навбаҳор.
Дар чашми он, ки заҳмати сармо кашидааст,
Ширин бувад шамойили Фарҳоди навбаҳор.
Хушнуд нав, зи гӯшайи афсурдагӣ баро!
Доди нишотро бидеҳ аз доди навбаҳор.
Тамҳид чун ба васфи гулу лола лаб кушод,
Омӯхт ин ғазал ба вай устоди навбаҳор.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail