БАХТИ САФЕД

Ҳар баҳорон бар замин бобои деҳқон
Чун бипошад ба ҳавас пундонаро,
Гӯӣ тухми орзуи халқро пошад ба хок…
Ҳар баҳорон майсаҳо
Аз замин чун сар кашанд,
Гӯиё аз хок сар берун кунанд
Сабзаҳои орзуи халқи мо.
Майсаҳо арзи умеди мардуманд,
Маншаи ганҷи мазиди мардуманд.
Кӯраке чун бишкуфад дар пахтазор,
Ғунчаҳои орзуи халқ гӯё бишкуфанд.
Пахтазорони шукуфта – осмони пурситора,
Ҷӯяҳо чун Каҳкашон,
Ғӯзаҳо чун ахтарон –
Тобише аз зиндагонии саиди мардуманд.
Духтари меҳнатқарини пахтачин
Бо сари хам, бо арақҳои ҷабин
Ғӯзаро бинад мисоли ахтари иқболи худ,
Гӯиё чинад ситора аз замин…
К-он ситора з-осмон н-афтодааст,
Ин ситора дар замин рӯидааст.
Чун ғарамҳои сафед
Сар кашад то осмонҳо –
Худ бигӯяд достони халқро
Беҳтар аз сад достонҳо!
Чун ғарамҳои сафед
Қад кашад то Каҳкашонҳо –
Гӯяд аз бахти баланди тоҷикон
Бо ҳама лаҳну забонҳо.
Чун ғарамҳои сафед
Ҳамшафат гарданд бо куҳсори мо –
Ҳамрадиф гардад ба онҳо
Номи мо, пайғоми мо,
Шӯҳрати мо, кори мо!
Ҳар кӣ гӯяд: ин ғарамҳои баланд
Аз саодатҳо навиди халқи мост!
Ҳар кӣ гӯяд: ии ғарамҳои сафед
Бахти мо, бахти сафеди халқи мост!
18.11.1973

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close