БАРОИ ФАРДО

Зиндагӣ то ки бардавом бувад,
То бувад насли сонӣ бархурдор,
Модарон рафтаанд гар сари хишт,
Падарон рафтаанд бар сари дор.
Аз барои идомати авлод,
То бибошад давоми насли башар,
Падарон хурдаанд тири адӯ,
Модарон хурдаанд хуни ҷигар.
То ки мерос бар писар бошад,
Падарон мурдаанд дар раҳи ор.
То ки рӯҳи падар шавад розӣ,
Писарон мурдаанд дар таҳи ор.
Зиндагӣ то ки пешпо нахурад,
Зиндагӣ то бақо кунад ҷовид,
Модарон дидаанд рӯзи сиёҳ,
Кӯдакон хурдаанд шири сафед…
11.3.1979

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail