БАСКИ АНДАР БОҒ АЗ ҶАННАТ АСАР ДОРАД БАҲОР

Баски андар боғ аз ҷаннат асар дорад баҳор,
Ҷомае ҳамчун пари тӯтӣ ба бар дорад баҳор.
Дам ба дам ой инасон дар ишратободи чаман
Шоҳиди гулҳойи ранги ҷилвагар дорад баҳор…
Мерасонад шир андар коми тифлони набот,
Аз тақозойи маволидаш хабар дорад баҳор.
Баста маҳмил ранги гул бар ноқайи боди сабо,
Гӯиё з-он боғ оҳанги сафар дорад баҳор.
Шоҳи ҳар нахле, ки бинӣ, пурсамар дорад баҳор.
Аз шуоъи шӯълайи ҳар сафҳайи гул равшан аст,
Баски эъҷози ёқутӣ хабар дорад баҳор.
Дар гиребони тааммул фурсати андеша нест,
Домане аз роҳи суръат бар камар дорад баҳор …
Офарине бар мисраъи Бедил, ки, Туғрал, гуфтааст:
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close