Бахт чист ва хушбахт кист

Зи бахти тираи мо тоза доғи лолаи мо,
Фатила оҳ бувад дар чароғи нолаи мо.
Зи баҳр косаи гирдоб пур намегардад,
Чӣ гуна об нагардад дили пиёлаи мо.
Ҷаҳониён дари гуфтушунид барбастанд,
Насиби рахнаи девор шуд рисолаи мо.
Димоғӣ сӯхтагонро кӣ мекунад равшан?
Тиҳӣ шудаст зи равған чароғи лолаи мо.
Зи хона по нагузорем, Сайидо, берун,
Мабод куҳнаработе шавад ҳаволаи мо.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close