Байту мисраҳо

Эй умри абас, шириниат моро бас,
Пеши тарабат хориши дар даст чу хас.
Дар зери ях аст агарчи манзилгаҳи ман,
Гӯям, ки кашам зи зиндагӣ ними нафас.

Аз олами асрор ҳаросон оем,
Баргашта зи нав ба торикистон оем.
Маънои чунин ташрифи моро башари
То ҳол надонад, ки чӣ нодон моем.

Оқилонро ақл бардорад само,
Ҷоҳилон уфтанд бар қаъри бало.
Зарраи ақле бидеҳ бар ҷоҳилон,
Гуфта менолам ба даргоҳи худо.

Наметарсам зи мурдан, марг фарз аст,
Бале, мурдан адои поки қарз аст.
Ягона хоҳишам – то зиндаам манн,
Равам аз изни виҷдон, ҳар чӣ тарз аст.

Дар назар равшан намоён мешавад:
Пирӣ омад, оби чашмон меравад.
Тарки дунё карда гирён меравам,
Умри ман бо аҳли ирфон меравад.

Дарди дилҳои бадард андар дилам,
Аз зараровар забонҳо мушкилам.
Қай диёнат бинаму инсофро,
Дар диёрам боз бинам ҳосилам?

Илоҳо, дилам аз ту миннатпазир,
Ки аз нестӣ хастиам кардаӣ.
Ту як илтиҷои маро хуш гузир:
Нагӯям ба озор парвардаӣ.

Дар бандагиат зистанам бахту саодат,
Рӯтофтаро бод ба сар санги маломат.
Бодо ҳакаме байни туву аҳли расоят –
Покизатар имонату виҷдони саломат.

Аҷаб дунёст бемаъни, ба маъно,
Ниёгонро тасанно гуфтанам рост.
Ба баъзе иқлими дунё хушоянд.
Ки дар он ҷовидони мондане хост.

Ба инсон завқи хушбахтӣ на айб аст,
Ба чанде дахлдор ин хосият ҳаст.
Ки баъзе бахтёр аз роҳи некӣ,
Ва дигар аз разолат сархушу маст.

Қоми ҳасрат бетаку охир будаст,
Аз фурӯкашхои шодӣ сер нест.
То ки аз ҳасрат ҷудо ҳаргиз мабод,
Ҷустучӯ дорад тараб бо исту бист.

Андар ин дунёи мо то ки башар ҳаст,
З –он хақиқат хӯрд хам, аммо набишкаст.
Нобакоре, ки варо хам мехӯронад,
Хеҷ гаҳ аз тоб додан хап набиншаст.

Не касе, не одами бегонае,
Хар кӣ бо худ мезанад афсонае.
Ахд монад пеши худ бо номи бахт,
Бахт ёбад, холиқаш ҳайронае.

Медамад субҳ аз хунук ларзандае,
Мечакад шабнам зи мижгон ҳар замон.
Мезанад фарёд шамс аз тори кӯҳ,
Дар амал даъват намояд зиндагон.

Расад он рӯз, медонӣ, муқаррар,
Намояд ҷони ширин тарки пайкар.
Саволи охират, албатта, ин аст:
— Ватанро бар кӣ монда рафтам аз сар?!

Ҷудо андохт тақдир ин дуи мо,
Кӣ донад, ин қарори ҳақ худоро.
Ҷудоӣ қадри ишқ омухт моро,
На бебахтист, шояд бахти воло.

Оташе будам, ҳаётам кард хомӯш,
Об будам, оби дарё, мондам аз ҷӯш.
Зист бе озодӣ инкорам, ки бурдӣ,
Зиндагӣ бо ёр кардам халқа бар гӯш.

Ман дар раҳи ишқ чун гиёҳам помол,
Чун ҳолазада ниҳолаки нарму убол.
Помол шавам, шавам – чӣ, сӯзам, сӯзам
Дар ишқ, манам валек соҳибиқбол.

Ба ҳаорат доимо хамҳасратастам,
Ман андӯхро ба дил ҷо мекунонам.
Чу гирён халқи ман гуфтан надонад,
Тамоми изтиробаш дар забонам.

Ҳаёт аз мову ту берун, чу сойест,
К – аз он оби равон пурмавҷу туғён.
Барои он, ки бошӣ ҳамнавояш,
Хҳма дарди варо аз хештан дон.

Танхоии зоти одамӣ хам, эй дӯст,
Бо одамиён рафиқ будан иқбол.
Аз ҷумлаи ҷонзот, агар медонӣ,
Танхоӣ заволест, заволи бакамол.

Гӯиё дар осмон рахшанда наҷм,
Резад аз қандили мо бетафт нур,
Соати девори хона дар садост
В – ин замин сӯи саҳар дорад убур.

Дил, ки бедор аст, аз чашмони манн
Интизори як навид аз рӯзи нав.
Радио гап мезанад аз субҳи ҷанг,
Аз забун ҳоли Ватан, Ӯлмас, шунав…

Вақти пирӣ аз фалак омад азоб,
Некуихо бо бадӣ яксон шуданд.
Нобакорӣ он қадар аз ҳад гузашт,
Дӯстдорони ҳаёт аз ҷон шуданд.

Одамӣ, меҳру вафо аз ёд рафт,
Рафта аз мардум ҳазорона сифот.
Соҳибашро саг шиносад, не башар,
Аз куҷо пайдо шуда ин «илтифот»?

Хотира дар мағзи сарам санг шавад,
Дар тани ман шавад он қабри абад.
То хамаи фикру хаёлам монад,
Кӯҳ шавад шоириам – сабри абад.

Сабраму бардошти ман хок шуда,
Боз хезад зи сарам навдаи тар.
Дар гули он шоха нишинад булбул,
Пас кунад аз ҳоли шумо ғулғула сар.

Ҳар рӯзи ҷавониям чу иде будӣ,
Чун шаддаи марҷон зи танам рехт тамом.
Имрӯз дилам нимаву иқболам ним,
Пирӣ ба дарам омаду андӯх лаби бом.

Санҷидаву санҷида миёнам хам хӯрд,
Пахшидаву пахшида дилам гашт ҳилол.
Аз омадаву нарафтани дарди миён,
Шав мунтазирӣ ҷудоӣ аз истиқбол.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail