БЕ БОЛУ ПАР ПАР МЕЗАНАД

Дар ҷойи биншастаам,
Аммо савон ҳастам равон,
Бе болу пар пар мезанад
Байни за замину осмон.

Аз рӯйи ҷӯ кард гузар,
Кардам гузар аз руйи ҷар,
Паст монд пасту баланд,
Пас монд сад кӯю гузар.

Пас монд сад майдону боғ,
Паст монд води Ҳисор,
Кӯҳ омад бурсу яхаш
Бо чашмарубо обшор.

Дар ёлаҳо бузғолаҳо
Бо барраҳо гарми чаро,
Раҳ чун пайипечони мор
Печон равад то қуллаҳо.

Гандум тилои ҷаъфарист,
Дилмебарад зари тило,
Хирман зада дасти дарав
Аз муштаҳо дар пуштаҳо

Пешу пас ояд сад ситеғ
Пешу пас ояд сад дара,
Инаш аз он зеботар аст,
Онаш аз ин хубу сара.

То сер бинам кӯҳро,
Бар кӯҳ дӯзам чашм дер,
Серӣ бубинам ҳар қадар
Чашмам нагвардад боз сер.

Бар ҷоякам биншастаам
Дил мепарад,
Дил мепарад,
Афсонаи зебои кӯҳ
Дил мепарад,
Дил мепарад.

Монанди кӯҳистони ман
Ҷое намебошад дар ҷаҳон…
Беболу пар пар мезанад
Байни замину осмон.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close