Бевафо ёр

Эй дил, чу булбул аз пайи он бевафо марав!
Аз дасти мо парида чу ранги ҳино марав!…
Дар базми гулрухон сабукӣ санги тафриқаст,
Эй бӯйи гул, ба ҳар нафасе, чун сабо, марав!
Ҳар ҷо равӣ чу соя ба дастор ҳамраҳӣ,
Чун Офтоб, сар зада бе раҳнамо марав!
Бо қумриён ҳаёти худ, эй сарв, бигзарон,
Зинҳор аз навои ҳазорон зи ҷо марав!
То кай ба мо сухан ба сари зулф мекунӣ?
Пайваста зери сояи боли ҳумо марав!
Бегонавор гӯш ба ҳарфи касон манеҳ,
Берун зи худ ба хар сухани ошно марав!
Эй Сайидо, ту поси дили худ нигоҳ дор,
То сар бувад ба ҷой, дар он кӯ ба по марав!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close