Бибурд тоқату ҳуш

Бибурд аз ман қарору тоқату ҳуш,

Бути сангиндили симинбаногуш.

Нигоре, чобуке, шанге, кулаҳдор,

Зарифе, маҳваше, турке, қабопӯш.

Зи тоби оташи савдои ишқаш

Ба сони дег доим мезанам ҷӯш.

Чу пироҳан шавам осудахотир.

Гараш ҳамчун қабо гирам дар оғӯш.

Агар пӯсида гардад устухонам,

Нагардад меҳраш аз ҷонам фаромӯш.

Дилу динам, дилу динам бибурдаст

Бару дӯшаш, бару дӯшаш, бару дӯш.

Давои ту, давои туст, Хофиз,

Лаби нӯшаш, лаби нӯшаш, лаби нӯш.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail