БИДРУД, ЭЙ НОҲАМРАҲОН!

Сангҳоро гуфтам:
по шавед,
биравем ба шаҳри ормонҳо.
Ба сарам сангборон шуданд.
Кӯҳҳоро гуфтам:
бикшоед синаҳотонро,
бинамоед ганҷинаҳотонро,
то кохе бисозем сарбагардун…
Гуфтанд: эй дун!…
Ҳама кинадорон шуданд.
Чашмаҳоро гуфтам:
бо рӯдҳо биомезед.
Рӯдҳоро гуфтам:
бо дарё биёмезед.
Рафтанд мастона
ба даштҳои бегона.
Маро ташналаб гузоштанд
ва ҳар кадом
аз ташнагии ман
ифтихор доштанд.
Ман хушкҷон мондам.
Маргро ба сарвақтам фаро хондам.
Беҳтар аз ҳамгинонам
омад зуд,
зуди ба зуд.
Ӯро миннат ниҳодам
ва фарёд сар додам:
Бидруд, эй сангҳои бедил,
Бидруд, эй кӯҳҳои коҳил,
Бидруд, эй чашмаҳои ботил,
Бидруд, эй рӯдҳои ҷоҳил!
Бидруд!
Бидруд!
* * *
Зи бедорӣ тоҷик чун дод зад,
Хаёлам дам аз умри озод зад,
Вале нек дидам, ки ингуна буд,
Раҳи чапғалат буд, воруна буд.
Чу тоҷик бо худ ба пайкор шуд,
Ба ҷои хирад фитна бедор шуд.
27.12.1998

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail