БИЁ, КИ БИЁ!

Расад шамими баҳор аз ҳаво биё, ки биё,
Зи оби ҷӯй нав ояд наво биё, ки биё.
Суруди сабзи чаман ояи муҳаббати туст,
Ки ояд аз лаби баргаш сало биё, ки биё.
Ниҳам чу гӯш фаро бар ғиреви синаи хеш,
Ба ғайри ин наниюшам садо биё, ки биё.
Дилам ба нисбати офоқ чист, як зарра,
Ки хезад аз ҳама олам нидо биё, ки биё.
Агарчи камтарам аз хок зери пояи арш,
Замин шавад таҳи поям само биё, ки биё.
Банӣ башар зи Худо ҳар чӣ илтиҷо дорад,
Ман аз Худо кунамат илтиҷо биё, ки биё!
Ба ҷойи ҷон натавонӣ, ки ҷо шавӣ ба танам,
Ба вақти додани ҷон бар Худо биё, ки биё.
Набошадам, чу набошӣ,ризои ҷон додан,
Равам ба додани ҷон дар бақо биё, ки биё.
Зи асли мавҳибати хеш то нишон ёбам,
Зи бенишон чу нишони Худо биё, ки биё.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail