Бирафт

Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт,

Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт.

Гӯйи аз сӯҳбати мо нек ба танг омада буд,

Бор бар басту ба гардаш нарасидему бирафт.

Ишва доданд, ки бар мо гузаре хоҳи кард,

Дидӣ охир, ки чунин ишва харидему бирафт.

Шуд чамон дар чамани ҳусни латофат, лекин

Дар гулистони висолаш начамидему бирафт.

Ҳамчу Ҳофиз ҳама шаб нолаву зорӣ кардем,

К-эй дареғо ба видоъаш нарасидему бирафт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail