Биё Гулсанам

Дар дили мо гар намеойӣ, ба чашми мо биё!
Аз муҳит андеша дорӣ, бар лаби дарё биё!
Хок дар чашмам занад наззора ҳамчун гирдбод.
Эй насими пераҳан, аз домани саҳро биё!
Аз тапидан рехт зери дом болу пар маро,
Бар сари сайди худ, эй сайёд, бепарво биё!
Синаро чун лола аз доғат чароғон кардаам,
Бар чаман баҳри тамошо, эй гули раъно, биё!
Аз нигоҳам метавон сайри гули бодом кард,
Чашм дар рорҳи туам, эй наргиси шаҳло, биё!
Хонаи дил кардаам чун сафҳаи оина соф,
Як шаб аз баҳри Худо, эй шамъи базморо, биё!
Рӯзгоре шуд, ки чашми Сайидо маъвои туст,
Офтобӣ, дар мақоми худ биё, танҳо биё.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close