Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард

Биё, ки турки фалак хони рӯза ғорат кард,

Ҳилоли ид ба даври қадаҳ ишорат кард.

Савоби рӯзаву ҳаҷҷи қабул он кас бурд,

Ки хоки майкадаи ишқро зиёрат кард.

Мақоми аслии мо гӯшаи харобот аст,

Худош хайр диҳод он ки ин иморат кард.

Баҳои бодаи чун лаъл чист? Ҷавҳари ақл!

Биё, ки суд касе бурд, к-ин тиҷорат кард.

Намоз дар хами он абрӯвони меҳробӣ,

Касе кунад. ки ба хуни ҷигар таҳорат кард.

Фиғон, ки наргиси ҷаммоши шайхи шаҳр имрӯз,

Назар ба дурдкашон аз сари ҳақорат кард.

Ба рӯйи ёр назар кун, зи дида миннат дор,

Ки кордида назар аз сари басорат кард.

Ҳадиси ишқ зи Ҳофиз шунав, на аз воиз,

Агарчи санъати бисёр дар иборат кард.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail