БО ПАДАР ХУРСАНД БУДАМ

То падар буд шодӣ доштам ҳам нишот,
Ғам ба ҷои шодӣ омад чашм пӯшид аз ҳаёт.
***
Бар сари болини ӯ чандин табибон омаданд,
Лек сад афсӯс, нашуд имкон диҳанд аз марг наҷот.
***
Мушкилот дар зиндагӣ дар кори ман пайдо шавад,
Маслиҳат ман аз кӣ ҷӯям аз барои мушкилот?
***
Баъди фавти ӯ нагӯянд нохалаф фарзанди ӯст,
Роҳи ростро меравам бо эҳтиёт, бо эҳтиёт.
***
“Бо падар хурсанд будам бевафой кард умр,
Меҳр бар модар ниҳодам ёфт модар ҳам вафот”.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail