БА УСТОД БОҚӢ РАҲИМЗОДА

Аз ҷаҳон вақте, ки шоир Боқӣ рафт,
Аз ҷаҳон ҳам хушдилӣ, вақтчоқӣ рафт.
Ҳамчу Саъдӣ, Рӯдакӣ, Боқӣ надид умри дароз,
Хостем то ки бигӯем: Дар садоқат тоқӣ рафт.
Ҳалқаи дӯстони моро ҳамчу Боқӣ соқӣ ку?
То ба ҳол афсӯс гӯянд инчунин як соқӣ рафт.
Мегирифт дарси адаб мардум аз ӯ хурду калон,
Як адабомӯз, як устод хушахлоқ рафт.
Сӯҳбати ӯро таманно дошт аҳли шаҳру деҳ.
Дӯстдору ҳам азизи шаҳрӣ ҳам қишлоқӣ рафт.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail