БОДИ АНБАРСӯЗ

Ин яке бурд сӯи кӯҳсор аз марғзор,
В-он гулоб овард сӯи марғзор аз кӯҳсор.
Хок пиндорӣ ба моҳу Муштарӣ обиста аст,
Мурғ пиндорӣ, ки ҳаст андаргулистон ширхор.
Ин яке гӯё чаро шуд норасида чун Масеҳ?
В-он дигар бешӯй чун Маръям чаро бардошт бор?
Абри дебодӯз дебо дӯзад андар бӯстон,
Боди анбарсӯз анбар сӯзад андар лолазор.
Ин яке сӯзад, надорад оташу миҷмар ба пеш,
В-он дигар дӯзад, надорад риштаву сӯзан ба кор.
Нофаи мушк аст, ҳар ҷ-он бингарӣ дар бӯстон,
Донаи дурр аст, ҳар ч-он бингарӣ дар ҷӯйбор.
Он яке дурре, ки дорад бӯи мушки тиббитӣ,
В-он дигар мушке, ки дорад ранги дури шоҳвор.
Ҷангбози аст гӯӣ шохаки шоҳаспарам,
Пои батон аст гӯӣ барг бар шохи чинор.
Ин ба ранги сабз карда пойҳоро сабзфом.
В-он ба мушки ноб карда чангҳоро мушкбор.
Жолаи борон зада бар лолаи нӯъмон нуқат,
Лолаи нӯъмон шуда аз жолаи борон нигор.
Инчунин норе куҷо бошад ба зери оби нор?..
В-он чунон бе куҷо бошад ба зери нори об?..
Сулсули боғӣ ба боғ андар ҳамегирьят ба дард,
Булбули роғӣ ба роғ андар ҳаменолад ба зор.
Ин занад бар чангҳои суғдиён Полизбон
В-он занад бар нойҳон лӯриён Озодвор.
Зардгул бинӣ, ниҳода рӯйро бар настаран,
Настаран бинӣ, гирифта зардгуло дар канор.
Ин чу зарринчашм бар вай баста симинчашмбанд
В-он чу симингӯш андар гӯш зарин гӯшвор.
Абр бинӣ фавҷ-фавҷ андар ҳаво бар тохтан,
Об бинӣ мавҷ-мавҷ андар миёни рӯдбод.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close