БОДИ НАВРӯЗӣ

Боди наврӯзӣ ҳаме дар бӯстон бӯтгар шавад,
То зи сунъаш ҳар дарахте лӯъбате дигар шавад.
Боғ ҳамчун кулбаи баззоз пердебо шавад,
Бод ҳамчун таблаи аттор пуранбар шавад.
Рӯйбанди ҳар замине ҳуллаи чинӣ шавад,
Гӯшвори ҳар дарахте растаи гавҳар шавад.
Чун ҳиҷоби лӯъбатон хуршедро бинӣ зи ноз,
Гаҳ бурун ояд зи меғу гаҳ ба меғ андар шавад.
Афсари симин фурӯ гирад зи сар кӯҳи баланд,
бод миночашму зеборӯю мишкинбар шавад…

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close