Бодоми баҳорон

Аёми баҳору бомдодӣ
Вақти фараҳ асту гоҳи шодӣ.

Бар ҷониби марғзор бинӣ,
Ҳар сӯ гулу лолазор бинӣ.

Ҳаст оби равон равон ба ҳар сӯ,
Сабз аст зи сабзаҳо лаби ҷӯ.

Аз бӯйи гулу гиёҳи навхез,
Боди саҳарист анбаромез.

Гул хураму барги ток хуррам,
Аз сабза тамоми хок хуррам.

Бархоста сарв, гул шукуфта,
Наргис лекин ҳанӯз хуфта.

З-ин коҳилӣ асту бешуурӣ,
Машҳур шудааст ӯ ба кӯрӣ.

Занбӯри асал кашад зи ҳар сӯ,
Шираз и шукуфаҳои хушбӯ.

Гунҷишк ба саъйи хеш дона,
Аз дашт барад ба сӯи хона.

Хоҳ мӯр асту хоҳ мор аст,
Ғарқи амал асту маҳви кор аст.

Айб аст, ки одамӣ дар ин ҳол,
Бекор ба гӯшае бихобад!

Дунё гардидааст баол,
Ӯ бар коре набаршитобад!

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail