Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?

Боғи маро чӣ ҳоҷати сарву санавбар аст?

Шамшоди хонапарвари мо аз кӣ камтар аст?

Эй нозанин санам, ту чӣ мазҳаб гирифтаӣ,

К-ат хуни мо ҳалолтар аз шири модар аст?

Чун нақши ғам зи дур бубинӣ. шароб хоҳ

Ташхис кардаему мудово муқаррар аст.

Аз остони пири муғон cap чаро кашам,

Давлат дар он сарову кушоиш дар он дар аст.

Як қисса беш нест ғами ишқу ин аҷаб,

К-аз хар забон, ки мешунавам, номуқаррар аст.

Дӣ ваъда дод васламу дар cap шароб дошт,

Имрӯз то чӣ гӯяду бозаш чӣ дар cap аст?

Шерозу оби Рукниву он боди хушнасим,

Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст.

Фарқ аст аз оби Хизр. ки зулмот ҷойи ӯст,

То оби мо, ки манбааш Аллохуакбар аст.

Мо обрӯи фақру қаноат намебарем,

Бо подшаҳ бигӯй, ки рӯзӣ муқаддар аст.

Ҳофиз чӣ турфа шохи наботест килки ту,

К-аш мева дилпазиртар аз шаҳду шаккар аст?

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail