Боғи накукорон

Дар боғ асар зи нолаи булбул намондааст,
Имрӯз дар бисоти чаман шул намондааст.
Аз дасти ҳеч кас гиреҳе во намешавад,
Рабте миёни шонаву кокул намондааст.
Монанди сабза сарви лаби ҷӯ кунад суроғ,
Озодаро зибаски таваккул намондааст.
Чун доми пора гӯшанишинон хӯранд хок,
Гироии каманди тағофул намондааст…
Охир кашид кӯҳ зи Фарҳод интиқом,
Дар бузрукони вақт таҳаммул намондааст.
Булбул зи байза сар накашад аз бараҳнагӣ,
Ҷуз ҷайби пора дар бадани гул намондааст,
Имрӯз сокинони чаман кӯч кардаанд,
Ба рӯйи боғ сабзаву сунбул намондааст.
Савдои мо зиёда шуд аз фикрҳои пуч,
Моро дигар хаёли тахайюл намондааст.
Имрӯз гашта силсилаи ҷуд мунтаҳӣ,
Дар даври ин гурӯҳ тасалсус намондааст.
Барбод рафта гулшани айёми Сайидо,
Хоре дар ошёнаи булбул намондааст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail