БОЛИ АРЗИЗ

Гар аҷал шаҳболи парвозаш шикаст,
Гӯӣ бар қасди аҷал
Бол месозанд андар шаҳри ӯ2…
Бол месозанд ҳам аз шеър, ҳам аз меҳри ӯ –
Бол аз арзиз,
Мисли шеърҳои ӯ мубарро,
Бол аз арзиз,
Мисли шеърҳои ӯ муҷалло.
Бол месозанд андар шаҳри ӯ
То кунад парвозҳои нотамомашро давом,
То чу шеъри ӯ барад аз сулҳу осоиш паём,
1. Аз Ҷалолиддини Румӣ.
2. Яъне шаҳри Турсунзода.
То кунад парвоз сӯи ошёнҳои баланд
Халқи ӯ,
Даврони ӯ,
Ҳизби ӯ,
Имони ӯ.
То кунад парвоз дар паҳнои фардо
Ҳикмати ӯ,
Санъати ӯ,
Ворисони мустақилэҷоди ӯ,
Миллати озоди ӯ;
То кунад парвоз андар вусъатободи абад
Номи ӯ, осори ӯ, ҳам ёди ӯ.
То кунун аз қитъае то қитъае
Дошт гар парвоз бо тайёрае,
Мепарад устод Турсунзода з-ин баъд
Дар фазои умри ҷовидон чу як сайёрае –
Ҳам на танҳо мепарад ӯ,
Мепарад ҳам меҳри ӯ,
Ҳам шеъри ӯ,
Ҳам шаҳри ӯ
Бо ҳама киштии парвозӣ ба сӯи осмон,
Сӯи фардо,
Сӯи мулки ҷовидон…
18.6.1981

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail