БОҚӢ РАҲИМЗОДА

БАРОИ УСТОД БОКИ РАХИМЗОДА

Дар ин дунё ду-се марди бузурге
пуштибони мост,
Дар ин дунё ду-се соҳибдиле ҳамдостони мост.
Ба зери осмони ниливу рӯи замини сабз
Замину бомашон гӯӣ замину осмони мост.
Ду-се мард аст дар дунё, ки қадри мард медонад,
Ду-се тан марди соҳибдард қадри дард медонад.
Бузургони ба дониш фард медонанд қадри фард,
Ҳамоварди муносиб қадри ҳам-овард медонад.
Дар ин дунё ду-се чашмони бино чашми дунёянд,
Ду-се тан покҷоне покии дунёи зебоянд.
Ду-се озодфикре ҷумла оламро кунанд озод,
Ду-се равшанзамире равшании ҳастии моянд.
Фурӯғи машъал аз чашми ҳақиқатҷӯи
мардон аст,
Ҳама оташ забони беибо ҳақгӯи мардон аст.
Тамоми оби уқёнусҳову баҳру дарёҳо
Зи оби чашми озодон, зи оби рӯи мардон аст.
Ҳар он марде, ки озод аст, ёри ҳамниҳоди мост,
Ҳар он, к-ӯ раҳшинос афтод,
ҳамроҳи ҳаёти мост.
Тавонад ҳар кӣ омӯзад ду-се ҳарфи савод, аммо
Чу Боқӣ ҳар кӣ қадри мард донад,
устоди мост.

21.12.1970

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close