БОРОН

Ту аз чархи барин борӣ,
Ба рӯи ин замин борӣ.
Бишӯӣ гарди гулҳоро,
Нашӯӣ доғи дилҳоро.
Борон, борон,
Борон, борон,
Эй ашки инсон
Бар рӯзгорон.
Садоят нолаҳо дорад,
Ғами садсолаҳо дорад.
Бигирйӣ мисли инсонҳо
Зи дуриҳо, зи ҳиҷронҳо.
Борон, борон,
Борон, борон,
Эй ашки дунё
Бар рӯзгорон.
Бимирам қатраҳоятро,
Ҳама сӯзу навоятро.
Агар аз абр ҳам оӣ,
Ту ашки дидаи моӣ.
Борон, борон,
Борон, борон,
Эй ашки ёрон
Бар рӯзгорон…
29.12.1982

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close