Булбул

Бе ту дар гулшан маро фарёди булбул оташ аст,
Хандаи гул ахгарасту хандаи гул оташ аст.
Нашканад аз сояи гардун касро ташнагӣ.
Менамояд об, аммо зери ин пул оташ аст.
Барқ дар дунбол дорад оҳи ман, эй боғбон,
Сунбулистони маро дар бехи сунбул оташ аст,..
Сабру бутобӣ ба кӯйи ишқ дашти Карбалост,
Изтироб ин ҷо саробасту таҳаммул оташ аст.
Интиҳое нест аъзои маро дар сӯхтан,
Бар сарам, эй шамъ, аз савдои кокул оташ аст.
Сайидо, такрори соил аҳли ҳимматро балост,
Аз каримон гӯшаи чашми тағофул оташ аст.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail