БУЛБУЛИ ДАШТӢ

Хест байни шоирон баҳси шадид,
Булбули даштӣ, агар бошад, кӣ дид?
З-он яке мегуфт, оё дашт чист,
Боз мурғаш… ин магар писханд нест?
Ҷойи булбул гулшан асту шохсор,
Бесабаб набвад ки хонандаш ҳазор.
Ҳар куҷо гул ҳаст, он ҷо булбул аст,
З-ин сабаб булбул пасованди гул аст.
Гарчи ояд гулшану булбул хушам,
Хандаи гул, хонишу ғул-ғул хушам.
Лек гӯям, мурғи даштӣ, офарин,
Нағмаҳои дашт гаштӣ, офарин!
Чӯлро кардӣ ба лаҳнат бӯстон,
Саксавулро шохи гул, эй нағмахон.
В-арна ҳар мурғе ба гул хонад суруд,
Эй зиҳӣ мурғе, ки мурғи дашт буд.

***

Зиндагӣ бозтоби тақдир аст,
Тобишу ҷилва мекунад садранг.
Одамӣ дар ҳисоби тадбир аст,
То бувад ҳамнавову ҳамоҳанг.

Зиндагӣ шуғли номҷӯиҳост,
З-одамизод ном мемонад.
Номи ҳар кас баланд бошад, умр
Ба раҳаш беш дом мемонад.

То шавад ӯ ба зиндагӣ побанд,
Банди худро ба по набинад ҳеч,
Хештанро шуморад озода,
Гарчи дар банд хӯрда пояш печ.

Ҳар чӣ бошад, набояд истодан,
Пеши кас сар набоядат хам кард,
Ҳамчу бандӣ ки банд дар пояш
Меравад лек бо шаҳомати мард.

Пой – дар банд, роҳ – беохир,
Тӯли раҳро нигоҳ медонад.
Раҳраверо зи роҳ бардоранд,
Ғам махур, тарҳи роҳ мемонад.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail