БУНЁДКОРОН

Дидам, ки чашмҳошон чун чашмаҳои нуранд,
Милён киловати нур аз чашмашон ҳувайдост,
Ҳар набз ноқили зӯр амсоли ноқили нур,
Ҳар дил даруни сина чун кӯраи тавоност.
Қоматбаланду пурдил, гарданфарозу хушбин
Ҳар мардро чу рукне бар Кохи нур дидам,
Дар бурҷи чашмҳошон дидам тулӯи фардо,
Дар боли абруҳошон парвози дур дидам.
Ҳар кас ба ин иморат бахше вуҷуди худро
Бахшад ба орзуе, то ҷовидон бимонад.
Ҳар даст – шоҳтире, ҳар бозуе – равоқе,
Дар Кохи нури Норак аз ӯ нишон бимонад.
Марди тамомдасте – меъмори кордида
Бинҳод хишти аввал бо санъату маҳорат.
Бо дасти рост онро бинҳод рост, гӯӣ
Бошад бинои умраш ин Кох, ин иморат.
Бо сад ҳазор нийят созанд Кохи анвор
Созанд гӯӣ ҳар як кохи муроди худро.
Созанд қасри умру ному нишони инсон,
Бинҳода дар ниҳодаш ҷузве ниҳоди худро.
Дидам, ки мегузорад меъмори покбунёд
Бунёди хештанро дар ҷои пойдевор,
Дарёфтам, ки буда бунёди одамизод
Бунёди ҳар чӣ созад дар зери чархи даввор…
1971

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail