Касе

Касе аз косаи гирдоб хӯрда ҷуръае бебок,
Насибаш бод мастиҳои бебоконаи дарё!
Бихон печонхати қисмат ту аз пешонии амвоҷ,
Чу печутоб дорад роҳи ҷовидонаи дарё!
Чунон дандонаи кӯҳ аст ҳар як кӯҳаи мавҷаш,
Лаби соҳил газад беинтиҳо дандонаи дарё.
Агарчи сел ҳам об аст, аз ҳар латмафарсояш
Бувад домандарида соҳили вайронаи дарё.
Хурад мавҷе сари мавҷи дигарро, боз ҳам зинда-ст
Чи раҳмовар бувад кирдори бераҳмонаи дарё.
Ба худ печида озоде, зи худ вораста фарёде,
Чӣ бопаҳност риндиҳои хайёмонаи дарё!
Ба ёди ёр менолад миёни дашту водиҳо,

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close