ЧАШМИ ХУМОРИРО БУБИН

Он дилбари таннозро, чашми хумориро бубин,
Сар то ба бар зебо бувад, ёри баҳориро бубин.
Қомат ба ноз афрохта, бар дил шарарр андохта,
Дилро ба шӯр андохта, дилбеқарори бубин.
Он дилбари номеҳрубон бигрехтаст аз дӯстон,
Пайваста ӯ бо душманон, ағёрёриро бубин.
Ман бандаи гуфтори ӯ, ҷону дилам қурбони ӯ,
Афтода манн да рмеши ӯ, зору низориро бубин.
Бо ин ҳама аҳду вафо зебо бувад ҷонони мо,
Дар ин ҷахони бевафо ин устовориро бубин.
Гуфтам ба ту, эй гулбадам, зебо туӣ дар ин чаман,
Мирзои Гӯёро бигӯ, эҷодкориро бубин.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail