Барорад аз чаман гулро хазон

Барорад аз чаман гулро хазон оҳиста-оҳиста,
Кашад хор интиқом аз бӯстон оҳиста-оҳиста.
Чу шамъ аз фикри рӯяш рафта-рафта об гардидам,
Фитод ин оташам дар мағзи ҷон оҳиста-оҳиста.
Миёни мову ӯ як зарра кулфат садди оҳан шуд,
Шавад реги равон кӯҳи гарон оҳиста-оҳиста.
Чу барқ имрӯз агарчи тундрав бошад, вале фардо,
Зи пешам бигзарад доманкашон оҳиста-оҳиста…
Аз он рӯзе, ки ман худро нишони тири ӯ кардам,
Фитодам дур аз он абрӯкамон оҳиста-оҳиста.
Ба бар он қадди мавзун хоҳад омад, сабр бояд кард,
Шавад соҳибсамар нахли ҷавон оҳиста-оҳиста.
Чу гул, имрӯз агарчи бар сари ҳангома ҷо дорад,
Нишинад оқибат бар остон оҳиста-оҳиста.
Ба вақти сабза натвон зуд рафтан, Сайидо, аз боғ,
Бибур пайванд аз зулфи бутон оҳиста-оҳиста.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close