Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон

Чандон, ки гуфтам ғам бо табибон,

Дармон накарданд мискин ғарибон.

Он гул, ки ҳар дам дар дасти бод аст,

Гӯ, шарм бодат аз андалебон.

Ё Раб, амон деҳ, то боз  бинад.

Чашми муҳиббон рӯйи хабибон.

Дурҷи муҳаббат бар мӯхри худ нест,

Ё Раб, мабодо коми ракибон.

Эй мунъим, охир, бар хони ҷудат

То чанд бошем аз бенасибон?

Ҳофиз нагаштӣ, шайдои гетӣ,

Гар мешунидӣ панди адибон.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail