Чашми дил

Гоҳе ба чашми лутф, маҳи ман, бубин маро,
Дар оташи фироқ масӯз инчунин маро.
Не қосиде, ки бо ту расонад паёми ман,
Не ҳамдаме, ки бо ту кунад ҳамнишин маро.
То домани висоли ту аз даст додам,
Чун аждаҳо фурӯ барад ин остин маро.
Даст аз ситам макаш, ки ҷафопешагони шаҳр
Бераҳмият шунида, кунанд офарин маро.
Ман меваи ҳаловати шохи назокатам,
Афгандаӣ ба санги ҷафо бар замин маро.
Хӯ кардаам ба талхии ҳаҷри ту, умрҳост,
В-арна пур аст ҳар тараф аз ангубин маро.
Ҳар ҷо, ки меравӣ, зи ман ором меравад,
Ҳар сӯй мебарад дили андӯҳгин маро.
Чашмат ба ҳар касе нигаҳи гарм мекунад,
Оташ фитад ба доғи дили оташин маро.
Як рӯз аз ту гӯшаи чашме надидаам,
Беҷой кардаӣ зи барои ҳамин маро?
Паҳлу ба хоки тира ниҳодам, чу Сайидо,
Охир барад хаёли рухат бар замин маро.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail