Чашми дил

Эй ки хун карди дили моро, зи чашми мо мапурс!
Мешавӣ ғарқгашта, аз гирдоби ин дарё мапурс!
Бо тунукзарфон ҳадиси бодаи гулгун магӯй!
Пеши хум зону зану кайфият аз м ино мапурс!
Хору гулронест дар бозор иоташ эътибор,
Имтиёзи ҳиҷру васл аз ошиқи шайдо мапурс!
Нест Маҷнунро ба асбоби ҷаҳон дилбастагӣ,
Хона барпо сохтан аз сели бепарво мапурс!
Аз ғубори кӯйи ӯ бар дидаи зоҳид магӯй!
Эътибори тӯтиё аз чашми нобино мапурс!
Аз дили гумгаштаам ка ҷӯ нишон, эй гирдбод,
Бӯйи хун меояд аз домони ин саҳро мапурс.
Сайидо, ин он ғазал бошад, ки Соиб гуфтааст:
«Мекуни қоим қиёматро, аз он боло мапурс!»

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail