Чашми Хира

Кабобам карда бепарвохироме, чашми майнӯше,
Қаландармашрабе, як шаҳр ошӯб хонабардӯше,
Мурассаъостин, гулдаргиребон, нозукандоме,
Мунаққашҷомае, зарринкамарбанде, кӯлаҳпӯше,
Сияҳ бе сурма мижгоне, лаби бебода рангине,
Нигаҳ хомӯшгӯёе, забонгӯёи хомӯше,
Мусофирпарваре,ороми ҷоне, соҳибидроке,
Сафарнокарда мардумдидае, савдогари хуше.
Нигоҳе васлпайғоме, ба лаб имои дашноме,
Гаҳе гармошночашме, гаҳе ошиқфаромӯше.
Чаман машшотаи банди қабо, сунбулҳаводоре,
Гулираънокафипое, кади кокулрибодӯше.
Ба худ мағрур ҷаллоде, назар бе дом сайёде,
Баноҳақ теғзандасте, насиҳат ношунавгӯше,
Чу фикри Сайидо шӯхе, чу тутӣ нармгуфторе,
Забон фаввораи шаҳде, даҳон сарчашмаи нӯше.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail