БА ЧАШМИ ТУ

Гузаштам аз раҳу бероҳаҳо, аз кӯҳу дарёҳо,
Зи даштистони бедоду зи бефарёд саҳроҳо.
Гузаштам бе ту шабҳо кӯчаҳои ширгуни
____________________Каҳкашонро,

Ту будӣ муҳраи ҷонам.
Ту будӣ муҳри имонам.
Чу моҳи кӯри пушти пардаи абри сияҳ пинҳон
Ҳама зебоии олам ба чашмам тофт ночаспон,
Ҳар он чизе, ки чашмам дид,
___________дил бе ту надид онро,

Рухе бе ту надидам ман.
Саҳар хуршед созад бар сарам чун
_______________зарҳалафшонӣ

Туро дар гирдаи хуршед бинам шоду хандоне,
Ки созӣ сӯи ман наззора аз хуршед равшантар,
Ту пайғоми пагоҳи ман,
Саломи субҳгоҳи ман.
Чи розе аз дилам бигзашт,
чи рӯзе аз сарам бигзашт,
Чи неку бад ба хайру кина
аз пешу барам бигзашт.
Чу роҳи оҳан аз ҷо ман наҷунбидам,
агарчанде ҳазорон кас
Зи ман рафту зи ман омад
ба сӯи манзили дилбар.
Нагуфтам пойкӯбам ман,
Чу будӣ ғамшарики ман.
Ба чашми ту ҷаҳон дидам,
Ҷаҳони рангҳои тӯю мотамро,
Ҷаҳони рангбозии дили фарзанди одамро.
Ҷаҳон ҳар лаҳза дигар шуд,
вале дигар нагаштӣ ту барои ман.
Ту рӯзи беғубори ман,
Асои ин дили обу адои ман.
Дилам лабрез аз меҳри ҷаҳонгардон,
ҷаҳондорат,
Сари савдопарастам бозии чашми камондорат.
Сафедори баланди қомататро бар сарам
як лаҳзае хам кун.
Ту пиндори яқини ман,
Умеди охирини ман.
Макуш аммо маро андар дили худ
пеш аз маргам,
Сари сабзам хазон манмо,
масӯзон шохаю баргам,
Зи дуриҳо ман аз дарди ту меҷӯям
паноҳи орзуи хеш,
Маро бемордорӣ кун,
Ба дардам шукри борӣ кун.
15.4.1966

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close