ЧАШМОНИ ЁР

Аз нигоҳаш ммедиҳад мазмун маро чашмони ёр,
Медурахшат мисли ахтар пурзиё чашмони ёр.
Бо нигоҳаш меравам аз худ, надорам чорае,
Дилфиребу дилписанду дилбаро чашмони ёр.
Нозукиҳои муҳаббат медихад ҳар ҷилвааш,
Масту мадҳушам намояд беибо чашмони ёр.
Ошиқони бар ҳусни рӯи дилбаронон девонаанд,
Мекунад Маҷнун маро сар та ба по чашмони ёр.
Аз ҷавонӣ то ба пирӣ дар ҳавои зиндагӣ
Ҳаст Мирзои Ғафурӣ моили чашмони ёр.

Facebooktwittergoogle_plusredditpinterestlinkedinmail
Close